Хуш омадед!

Асоси | Регистрация | Вход
Панчшанбе, 09.05.2024, 18:09
Приветствую Вас Гость | RSS
Холо фасли аст!
Меню сайта
Наш опрос
Какими антивирусами Вы пользуетесь?
Всего ответов: 197
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0
+6
°
C
+10°
+
Душанбе
Вторник, 18
Среда
+17° +
Четверг
+18° +10°
Пятница
+20° +10°
Суббота
+24° +10°
Воскресенье
+27° +13°
Понедельник
+28° +15°
Прогноз на неделю

15:23
МАРДУМ ТАШВИШ НАКАШЕД, ОБ АРЗОН АСТ !
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз нимаи дуюми моҳи октябри соли ҷорӣ сар карда,  корхонаи давлатии обу корези Душанбе  «Душанбеводоканал» қимати оби ошомиданиро барои ҳар як сокини пойтахт 3 сомонию 70 дирамӣ ҳисобӣ мекунад,- иброз доштанд дар шӯъбаи муҳосиботи корхона ба мухбири АМИТ «Ховар».

Ба гуфти  мутахассиси корхонаи мазкур, нархи оби ошомиданӣ дар Душанбе нисбат ба ҳамаи марказҳои давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ арзон аст. Ин суханон  дар мавриде гуфта мешаванд, ки оби ошомиданӣ дар Ишқобод – пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон барои сокинонаш  ройгон буда ва   дар Олмон 30 фоизи маоши мардум барои хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла барои об масраф мегардад.   Дар Душанбе на ҳамаи мардуми дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ дошта аз оби ошомиданӣ дуруст истифода карда метавонанд. Ҳол он ки Тоҷикистон баъди Русия аз ҷиҳати захираи об дар ҷойи дуюм меистад.

Дар шӯъбаи муҳосибот сабаби боло бурдани қимати обро дар баланд шудани нархи барқ ва дастгоҳу воситаҳои обтозакунӣ, ки аз хориҷи кишвар ба нархи қимат ворид шудаанд, медонанд.

-Як сомонӣ зиёд кардани қимати об набояд боиси ташвиши мардум гардад, муҳим он аст, ки мардум бо оби тозаи ошомиданӣ ба тарзи доимӣ таъмин бошанд,- иброз дошт сокини шаҳраки «Гипрозем» Саид Носиров ҳангоми  сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».
Просмотров: 752 | Добавил: Shuhrat | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябр 2011  »
ДшСшЧшПнЧмШнЯш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Архив записей
Друзья сайта

Copyright MyCorp © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz
Besucherzahler
счетчик посещений