Хуш омадед!

Асоси | Регистрация | Вход
Панчшанбе, 09.05.2024, 15:43
Приветствую Вас Гость | RSS
Холо фасли аст!
Меню сайта
Категории раздела
Хадисы пророка Мухаммеда (с.а.с.) [3]
Наш опрос
Какими антивирусами Вы пользуетесь?
Всего ответов: 197
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
+6
°
C
+10°
+
Душанбе
Вторник, 18
Среда
+17° +
Четверг
+18° +10°
Пятница
+20° +10°
Суббота
+24° +10°
Воскресенье
+27° +13°
Понедельник
+28° +15°
Прогноз на неделю

ПАНДУ НАСИХАТ АЗ АХОДИСИ ПАЁМБАР (С)

1.Бидонед: бинотарин чашм он аст, ки дар роҳи хайр боз шавад.
2.Бидонед: шунавотарин гуш он аст, ки барои бедории дил сухан фаро гирад.
3.Бидонед: қаноат ва тасаллут (голибият) бар шахват бузургтарин покдомани ва таквост.
4.Бидонед: дунё манзилест, ки чуз бо зухду порсойи наметавон аз офаташ солим монд ва харчи туъмаи он шавад, аз он начот наёбад.
5.Бидонед: вучуди шумо бахое чуз бихишт надорад, мабодо ба гайр аз он худро бифурушед.
6.Бидонед: тихидасти балост ва бадтар аз тихидасти ранчурии чисм аст ва бадтар аз марази бемории калб (рух) аст.
7.Бидонед: хирадманд он аст, ки бо фикри сойиб ва пешбинии комил бо корхо рубару шавад.
8.Бидонед: чиход бахои бихишт аст. Хар кас барои хештан чиход кунад, молики нафси худ шавад. Болотарин савоби худо аз касест, ки худро бишносад.
9.Бидонед: ахкоми дин дар сиххату матонат якест, роххои дин муътадил аст. Хар кас бар рохи дин равад, ганимат барад ва харки таваккуф кунад,гумроху пушаймон шавад.
10.Бидонед: касе, ки намедонад, набояд аз омухтан шарм кунад, ки киммати хар кас ба кадри маълумоти уст.
11,Бедор бошед! Инак, ки забонхо озоду баданхо солим ва узвхо дар ихтиёру чойгох васеъ ва мачол бисёр аст ва марг нарасида, амал кунед.
12.Карз зиллат аст.
13.Тадбир нисфи маош аст.
14.Дусти бо мардум нисфи акл аст.
15.Неку суол кардан нисфи илм аст.
16.Шароб сари чамъи гунохон аст.
17.Каноат сармояи тамомнашуданист.
18.Хаё сар то по хайр аст.
19.Офати илм фаромушист.
20.Офати сухан дуруг аст.
21.Офати саховат миннат аст.
22.Хушбахт он аст, ки аз саргузашти дигрон панд гирад.
23.Талаби моли халол чиход аст.
24.Дарег доштани илм чойиз нест.
25.Хар кори неке садака аст.
26.Корхои нек аз маргхои бад чилвагир аст.
27.Олимон дар миёни халк амини (амонатдори) худоянд.
28.Бихишт зери кадами модарон аст.
29.Зане, ки харчаш аз хама занон камтар бошад, баракаташ аз хама бештар аст.
30.Муъмин камхарч аст.
31.Муъмин дар як руда хурок мехураду кофир дар хафт руда.
32.Муъмин касест, ки молу чони мардум аз у дар амон бошад.
33.Хикмат гумшудаи муъмин аст.
34.Илм дусти муъмин асту хилм мададгор ва акл рохнамову амал пешрав ва мадоро падару неки бародар ва сабр амири лашкараш.
35.Хаё аз имон аст.
36.Моли мусулмон чун чони у мухтарам аст.
37.Мучохид он аст ки дар рохи Худо бо худ набард кунад.
38.Хар ояндае наздик аст.
39.Хар чиз андоза дорад, хатто нотавони.
40.Хар чизе асосе дораду асоси ин дин (ислом) фахму тадбир аст.
41.Хар чизе закоте дорад ва закоти тан руза аст.
42.Дасти Худо хамрохи чамъият аст.
43.Сукут хикмат аст, аммо камтар касе онро ба кор мебандад.
44.Атри мард буяш зохиру рангаш махфист, атри зан рангаш аёну буяш нихон аст.
45.Хок бахорир кудакон аст.
46.Рости оромиш аст ва дуруг  изтироб.
47.Олим ва толиби илм дар хайр шариканд.
48.Аз хушбахтихои инсон ин аст, ки шабихи падар бошад.
49.Накукорони дунё накукорони охиратанд...
50.Дуои мазлум мустачоб аст, гарчи кофар бошад.
51.Хар ки дар рохи  хифзи молаш кушта шавад, шахид аст.
52.Хар ки илм талаб кунад, Худо ризкашро кафолат кунад.
53.Талаби илм барои хар мусулмон ва зани мусулмон  фарз аст.
54.Харки дар пайи хочати бародараш бошад, Худо дар пайи хочати у бошад.
55.Харки авратеро (чои пушидании баданро) бинаду бипушонад мисли касест, ки зиндабагуреро чон додаву аз кабр бадар оварда.
56.Харки намозаш (уро) аз корхои бад пешгири накунад, худро аз Худо дур гирифтааст.
57.Харки фарзанди духтаре ёбаду ба у эхсон (хуби) кунад, хамон духтар (дар киёмат) сипари оташи вай шавад.
58.Худо рахмат кунад онро, ки забонашро ислох кунад.
59.Факр (нодори) дар остонаи куфр аст ва хасад чунон аст, ки гуйи такдирро дигаргуна кунад.
60.Шумо, мардум, сохтмонхое кунед, ки дар онхо нанишинед ва молхое андузед, ки онро нахуред ва ба чизхое умед бандед, ки ба онхо нарасед.
61.Ачаб дорам аз он ки дахонро аз ханда чок медихад ва намедонад Худо аз у рози аст, ё на.
62.Эй ачаб! Куллул-ачаб аз онки ба зиндагии човидон акидаманд асту барои ин сарои сар то по фиреб мекушад.
63.Ин хиёнате бузург аст ки сухане барои бародарат бигуйи, у туро тасдик кунаду ту дуруггу боши.
64.Киштиро тачдид (нав) кунед, ки дарё жарф (чукур) аст нируро тачдид куед, ки рох дур аст.
65.Хушкии чашм асари сахтии калб аст.
66.Ин гунох барои мард бас аст, ки обруи бародарашро бубарад ва ин шарр (бади) барои у бас, ки бародарашро тахкир кунад.
67.Хар диле, ки олуда ба шаховат бошад, харом аст, ки дар малакути осмонхо парвоз кунад.
68.Аз дуруггуйи хамин бас, ки хар чи шуниди накл куни.
69.Аз нодони хамин бас, ки харчи медони изхор куни.
70.Ихтироми олиме, ки ба илмаш амал кунад, чун ихтироми шухадову сиддикин аст.
71.Бехтарини шумо касест, ки шуморо ба кори хайр  даъват мекунад.
72.Илмро бо навиштан махор кунед. (Яъне, бубандед).
73.Бар ахли оилаат салом кун, то баракати хона зиёд гардад.
74.Хакро бигу, агарчи талх бошад.
75.Барои якдигар хадя фиристед, то мухаббатхо зиёд шавад.
76.Хадя фиристед, то кинахо бартараф шавад.
77.Дар сохтмон масолехи харом ба кор набаред, ки мояи вайронист.
78.Аз бухл (бахили) бупархезед, ки умматхои гузаштаро халок карда.
79.Мардумро ба холи худ вогузоред, Худо баъзеро ба василаи баъзи дигар рузи медихад.
80.Харки шукри мардум накунад, шукри Худо накарда.
81.Умрро чуз ихсон чизе дароз накунад.
82.Факре сахтар аз нодони нест.
83.Моле судмандтар аз акл нест.
84.Хич танхоие аз худписанди вахшатзотар нест.
85.Хич имоне чун хаё ва сабр нест.
86.Пас аз булуг (балогат) ятими нест.
87.Харки амонатдор нест, имон надорад, харки ахду мисок (паймон) надорад, дин надорад.
88.Беш аз се руз кахр чойиз нест.
89.Муъмин гофилгир намекунад.
90.Муъмин набояд худро хор кунад.
91.Одами дуруя назди Худо эмин нест.
92.Чуз дар баробари падару модару имоми одил тамаллук раво нест.
93.Ихсон чуз ба мардуми покгавхар ё бодин салох нест. Чунонки риёзат (ва тарбият) чуз дар шарофатмандон салох нест.
94.Хич суханчине бихишт наравад.
95.Хар бандае, ки хамсояаш аз шарри у эмин набошад, руи бихишт набинад.
96.Тарсондани мусулмон барои хич мусулмон чоиз нест.
97.Садака барои дороён ва касоне, ки кудрати кор доранд, халол нест.
98.Хич як аз шумо, то забонашро нигох надорад, имонаш комил нашавад.
99.Хич олим аз илм сер нашавад, то саранчом ба бихишт расад.
100.Зи гавхора то гур дониш бичуй.
101.Хамнишини бо носипосону ноинсофон чойиз нест.
102.Ба рузгор дашном надихед, рузгор хам они Худо аст.
103.Мурдагонро дашном надихед, ки мояи озори зиндагон аст.
104.Мурдагонро дашном надихед, онхо ба ончи пеш фиристодаанд, расиданд. (Яъне, ба сазои кирдори дунёии худ гирифторанд).
105.Дасти хеш ба чомаи касе, ки уро намепушони, пок макун.
106.Гайбати мусулмононро накунед ва дар чустучуи айби онхо набошед.
107.Хич амали некеро кучак машумор.
108.Мабодо чун шиддате ру оварад, таманнои марг куни.
109.То саранчоми кори касеро набинед, ба амалаш хушдил набошед.
110.То акли касеро насанчед, бо саломаш хушдил набошед.
111.Такозои зимомдори макун, ки агар бидуни хохиш ба он расиди, туро кумак мекунанд ва агар ба хохиш расиди ёваре надори.
112.Вафо ба ахд имон аст.
113.Хушгумони ибодати хушест.
114.Уламо (олимон) вориси пайгамбаронанд.
115.Дин сахлу сода аст.
116.Дини Худо росту осон аст.
117.Савоби силаи рахм (нафакаи падару модар ва дигар пайвандон) аз хар ибодате зудтар мерасад.
118.Хикмат шараф афзояд.
119.Бехтарини некихо хуйи нек аст.
120.Аксари бихиштиён содалавхонанд.
121.Бехтарин эхсон ба падар ин аст, ки пас аз марги у бо дустонаш мухаббат куни.
122.Чавоби нома хам чун чавоби саломи хак лозимист.
123.Амали андак бо илм зиёд аст ва амали бисёр бо чахл андак.
124.Хар дине ахлоки хосе дорад ва хуи махсуси ин дин (ислом) хаёст.
125.Хасад аъмоли некро мехурад, чунонки оташ хезумро.
126.Чун фитна биёяд мардум хама аз чо канда шавад, ба чуз донишмандон, ки дар партави илм начот ёбанд.
127.Онки аз сари кибр доман ба замин мекашад, дар киёмат Худо ба у нангарад.
128.Худо мардуми нексирати гумномро дуст дорад.
129.Худо хар дили андухнокро дуст дорад.
130.Худо корхои некуву шарифро дуст дорад ва умури пасту беарзишро дуст надорад.
131.Худованд чашмеро, ки ба хангоми тугёни шахват тезбин бошаду аклеро, ки хангоми расидани шубха комилу дакик бошад, дуст дорад ва низ бахшишро, гарчи ба чанд донаи хурмо ва шучоатро - харчанд ба куштани море - дуст дорад.
132.Худо барои мусулмон гаюр (богайрат) аст, у хам (мусулмон) гаюр бошад.
133.Худованд заминро барои ман сачдагоху поккунанда карор дода.
134.Худо то гуфтори касеро написандад, илмашро намеписандад.
135.Худо хар вакт барои миллате хайр хохад, гирифторашон кунад. То озмудаву варзида шаванд ва битвонанад аз хукуки худ дифоъ кунанд.
136.Бадтарини азобхо дар киёмат барои олими беамал аст.
137.Шифои нодони пурсиш аст.
138.Ман барои умматам аз пешвоён (ва зимомдорони) гумрохкунанда бимнокам.
139.Фосик гайбат надорад. (Яъни, гайбат карданаш мумкин аст).
140.Решае, ки ба василаи зулм дар замине чой гирифта, эчоди хак намекунад.
141.Хуйи муъмин чоплуси нест.
142.Пас аз марг узрпазири нест.
143.Бехтарин издивочхо он аст, ки содатару осонтар бошад.
144.Бехтарини илмхо он аст, ки судманд бошад.
145.Бехтарини хонахойи шумо хонайест, ки дар он ятиме мавриди эхтиром бошад.
146.Бо мардум ба андозаи хирадашон сухан бигуй.
147.Бехтарини чавонони шумо он аст , ки худро шабихи пирон кунад ва бадтарини пирон касест, ки худро шабихи чавонон кунад.
148.Дастдиханда бехтар аз дастгиранда аст.
149.Такмил кардани кори нек аз шуруъи он болотар аст.
150.Бехтарин уммати ман олимонанд ва бехтарини олимон бурдборашон (босабрхошон).

151.Беҳтарини садақаҳо садақаи забон аст.152.Беҳтарин садақа он аст, ки ба хешованде, ки душманӣ мекунад дода шавад.153.Илм болотар аз ибодат аст.154.Ҳиҷ падаре беҳтар аз адаб ба фарзанд надода.155.Сухани ҳикматомез чи хуш хадяест.156.Мол барои риояти тақво чи хуш мададгорест.157.Дуо дар ҳаққи ғоиб  аз ҳар дуое зудтар мустачоб мешавад.158.Мӯъмин монанди занбури асал аст: ҷуз пок нахӯрад ва ҷуз пок надиҳад. 159.Мӯъминон дар дӯсти ва тараххум бар якдигар чун аъзои пайкаранд: вақте яке ранҷур шавад дигарон ҳам дар бехобиву таби он ширкат мекунанд.160.Масали қалб чун паре бар сари рохи бод аст.
161.Ҳамнишини солиҳ чун атрфурӯш аст, ки агар атри хеш ба ту надиҳад, дар ту овезад ва ҳамнишини бад чун оҳангар аст, ки агар шарораи оташаш ба ту нарасад, бӯи бадаш озорат медиҳад.
162.Намози воҷиб монанди тарозу аст: хар кӣ тамом бидиҳад, тамом мегирад.
163.Хикояти мо ва дунё ҳикояти саворест, ки рӯзи гариӣ дар сояи дарахте бихобад, сипас (чун хаво мӯътадил шавад), харакат кунад ва сояро тарк гӯяд.
164.Дунё дар баробари охират чун обест. ки сарангушт мегирад. Ангуштро ба дарё фурӯ бар, бубин чӣ қадар об меоварад.
165.Имони шахсро аз қасамҳояш бояд шинохт.
166.Изҳори тавонгарӣ ҷузъи шукр аст.
167.Адаби мард беҳтар аз тиллои ӯст.
168.Пардохти қарз аз дин аст.
169.Зану фарзандро адаб кун, то ба онҳо суд расонда бошӣ.

Категория: Хадисы пророка Мухаммеда (с.а.с.) | Добавил: shuhrat1981 (10.11.2016)
Просмотров: 914 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта

Copyright MyCorp © 2024 | Сделать бесплатный сайт с uCoz
Besucherzahler
счетчик посещений